1 line
598 B
Plaintext
1 line
598 B
Plaintext
Ғуломфурӯшон Юсуфро ба Миср бурданд. Дар он вақт Миср давлати калони пурқудрат буд, ки дар қад қади дарёи Нил ҷойгир шуда буд. Ғуломфурӯшон Юсуфро ҳамчун ғулом ба як мансабдори бои мисрӣ, ки номаш Футифар буд фурӯхтанд. Аммо Худо Юсуфро баракат медод. Ӯ хизматгори хуб буд ва дар ҳамаи корҳояш, ки ба хӯҷаинаш мекард муваффақ буд. |