1 line
761 B
Plaintext
1 line
761 B
Plaintext
Вақте ки Довуд ҳанӯз ҷавон буд, ӯ бо Ҷолёт бо бузургҷусса ҷангид. Ҷолёт як ҷанговари хеле қавӣ ва ботаҷриба буд, баландии ӯ қариб се метр буд! Аммо Худо ба Довуд кӯмак кард, ки Ҷолётро бикушад ва Исроилро наҷот диҳад. Баъд аз ин, Довуд бар душманони Исроил пирӯзиҳои зиёд ба даст меовард. Вай як ҷанговари бузург шуд ва лашкари Исроилро борҳо ба ҷанг мебурд. Исроилиён Довудро дӯст медоштанд ва онҳо ӯро ситоиш мекарданд. |