Аз он вақте ки Абром ва Сорай ба Қанъон омаданд даҳ сол гузашт, лекин онҳо то ҳол фарзандор набуданд. Он гоҳ Сорай зани Абром ба ӯ гуфт: "Агар ки Худо иҷозат надод, ки ман фарзандор шавам, ҳол он ки ман пир шудаам то ин ки таваллуд кунам, инак хизматгори маро Ҳоҷарро бигир. Бо ӯ бихоб то ин, ки ӯ ба ман фарзанд таваллуд кунад".