Дар иди Пантикост, ҳамаи имондорон якҷоя буданд. Ногаҳон хонае, ки онҳо буданд, аз садое мисли шамоли сахт пур шуд. Ногаҳон дар сарашон чизе ба монанди аланга пайдо шуд. Ҳама имондорон аз Рӯҳи муқаддас пур шуданд ва Худоро ба забонҳои дигар ҷалол доданд. Онҳо ин забонҳоро намедонистанд, аммо инҳо забонҳое буданд, ки Рӯҳи муқаддас ба онҳо сухан гуфтанро додааст.