Пас аз он ки сарбозон Исоро маслуб карданд, саркоҳинон ва фарисиён ба назди Пилотус омада, гуфтанд: «Ин фиребгар ҳанӯз дар зинда буданаш изҳор дошт, ки дар давоми се рӯз аз мурдагон эҳё мешавад. Фармон деҳ, ки се рӯз дар сари қабр посбон гузоранд, то шогирдонаш Ҷасадро дуздида, ба мардум нагӯянд, ки Ӯ аз мурдагон эҳьё шудааст».