Аввалин подшоҳи Исроил Шоул буд. Ӯ қоматбаланд ва зебо буд ва мардум ӯро дӯст медоштанд. Дар солҳои аввали ҳукмронии худ бар Исроил, Шоул подшоҳи хуб буд. Аммо баъд ӯ хашмгин шуд ва итоати Худоро бас кард. Аз ин рӯ Худо ба ҷои ӯ шахси дигареро подшоҳ интихоб кард.