Дар онҷо марде бо номи Малкисодақ буд, ки Коҳини Худои Парвардигор буд. Як рӯз пас аз ҷанг ва озод кардани ҷияни худ аз асирӣ, Абром бо Малкисодақ вохӯрд. Ӯ Абромро баракат дод ва гуфт: "Бигзор Худои Парвардигор ки соҳиби осмону замин аст Абромро баракат диҳад"! Баъд аз ин Абром аз ҳамаи дороиҳояш қисми даҳумашро ба Малкисодақ дод.