Исо расулони худро ба деҳаҳои гуногун фиристод, то ба одамон дар бораи Салтанати Худо мавъиза кунанд ва таълим диҳанд. Вақте ки шогирдон ба ҷое ки Исо буд, баргаштанд, онҳо ҳама чизеро, ки карда буданд, ба ӯ нақл карданд. Исо онҳоро даъват кард, ки ҳамроҳи Ӯ ба ҷои ором дар паси кӯл шиноянд, то каме дам гиранд. Онҳо ба қаиқ савор шуда, ба соҳили дигар рафтанд.