Исо боз гуфт: «Банда аз оғои худ бузургтар нест. Ин ҷаҳон аз Ман нафрат дорад. Одамон низ аз шумо нафрат хоҳанд кард, азобу шиканҷа хоҳанд кард ва ба хотири Ман шуморо хоҳанд кушт. Ва гарчанде ки шумо дар ин ҷаҳон азоб мекашед, устувор бошед, зеро ман шайтонро мағлуб кардам, ки ин дунёро идора мекунад! Агар шумо то ба охир ба Ман содиқ бошед, пас Худо шуморо наҷот хоҳад дод"!