Sat Aug 28 2021 18:33:46 GMT+0300 (Москва, стандартное время)

This commit is contained in:
FiruzGulov 2021-08-28 18:33:46 +03:00
parent 9dbdc7533c
commit b1ccc6258a
4 changed files with 4 additions and 0 deletions

1
20/02.txt Normal file
View File

@ -0,0 +1 @@
Барои итоат накардан, Худо ҳардуи ин салтанатҳоро ҷазо дод ва ба душманони онҳо иҷозат дод, ки онҳоро нест кунанд. Дар он айём яке аз кишварҳои тавоно Ассурия буд. Ашшуриён ба дигар халқҳо хеле бераҳмона муносибат мекарданд. Онҳо ба Исроил ҳамла карданд ва ин салтанатро ба даст гирифтанд. Ашшуриён дар подшоҳии Исроил одамони зиёдеро куштанд, ҳама чизи арзишмандро гирифтанд ва қисми зиёди кишварро сӯзонданд.

1
20/03.txt Normal file
View File

@ -0,0 +1 @@
Илова бар ин, ашшуриён ҳамаи ҳокимон, ҳамаи ҳунармандон, инчунин одамони сарватмандро гирифта, ба Ашшур бурданд. Танҳо одамони хеле камбизоат дар Исроил монданд.

1
21/01.txt Normal file
View File

@ -0,0 +1 @@
Вақте ки Худо ҷаҳонро офарид, Ӯ аллакай медонист, ки дар ояндаи дур Масеҳро ба ҷаҳон мефиристад. Худо инро ба Одаму Ҳавво ваъда дод. Ӯ гуфт, ки аз авлоди Ҳавво таваллуд мешавад, ки сари морро хоҳад майда кард. Ин мор Шайтон буд. Вай мисли мор зоҳир шуд ва Ҳавворо фиреб дод. Ва ҳангоме ки Худо гуфт, ки насли Ҳавво сари морро хоҳад майда кард, Ӯ дар назар дошт, ки Масеҳ, ки меояд, дар охир Шайтонро торумор хоҳад кард.

1
21/02.txt Normal file
View File

@ -0,0 +1 @@
Худо ба Иброҳим ваъда дод, ки тавассути ин насл ҳамаи халқҳои ҷаҳон баракат хоҳанд ёфт. Худо ин баракатро вақте иҷро мекунад, ки Масеҳро дар оянда мефиристад. Масеҳ одамонро аз ҳамаи халқҳои ҷаҳон аз гуноҳ наҷот хоҳад дод.