diff --git a/26/01.txt b/26/01.txt new file mode 100644 index 00000000..b6c46ebf --- /dev/null +++ b/26/01.txt @@ -0,0 +1 @@ +Пас аз он ки Исо васвасаҳои Шайтонро мағлуб кард, ӯ ба минтақаи Ҷалил, ки дар он ҷо зиндагӣ мекард, баргашт. Рӯҳулқудс ба Ӯ қуввати бузург бахшид. Исо аз Ҷалил шаҳр ба шаҳр гашта, ҷойҳои гуногунро зиёрат мекард ва ба одамон таълим медод. Ҳама дар бораи Ӯ хеле меҳрубонона сухан мегуфтанд. \ No newline at end of file diff --git a/26/02.txt b/26/02.txt new file mode 100644 index 00000000..1e7e0180 --- /dev/null +++ b/26/02.txt @@ -0,0 +1 @@ +Як рӯз Исо ба шаҳри Носира рафт ва кӯдакии худро дар он ҷо гузаронд. Рӯзи шанбе Исо ба куништ, ҷои ибодат рафт. Дар он ҷо ба ӯ китоберо бо суханони Ишаъёи набӣ доданд, то ӯ порчаи ин китобро бо овози баланд хонда тавонад. Исо китобро кушод ва ба хондан шурӯъ кард. \ No newline at end of file diff --git a/26/03.txt b/26/03.txt new file mode 100644 index 00000000..cedfaab5 --- /dev/null +++ b/26/03.txt @@ -0,0 +1 @@ +Ӯ бо овози баланд хонд: «Худо ба ман Рӯҳи Худро дод, то тавонам ба камбағалон хушхабар расонам. Ӯ Маро фиристод, то бандиёнро озод кунам, нобиноёнро бино созам ва мазлумонро озод кунам. Ин вақтест, ки Худованд ба мо раҳм хоҳад кард ва ба мо кӯмак хоҳад кард". \ No newline at end of file