Sat Aug 28 2021 11:40:22 GMT+0300 (Москва, стандартное время)

This commit is contained in:
FiruzGulov 2021-08-28 11:40:22 +03:00
parent d457bcc116
commit 03c5d706a0
3 changed files with 3 additions and 0 deletions

1
19/03.txt Normal file
View File

@ -0,0 +1 @@
Сипас Худо ба Илёс гуфт, ки ба ҷои хилвате рафта, аз Аҳъоб пинҳон шавад. Илёс ба ҷӯйе рафт, ки Худо ӯро оварда буд. Ҳар рӯз, субҳу шом, зоғҳо ба Илёс нону гӯшт меоварданд. Он вақт Аҳъоб ва лашкари ӯ Илёсро меҷустанд, аммо наёфтанд.

1
19/04.txt Normal file
View File

@ -0,0 +1 @@
Дере нагузашта ҷӯй хушк шуд, зеро борон набуд. Сипас Илёс бо амри Худо ба кишвари ҳамсоя рафт. Дар он ҷо як бевазани камбағал бо писараш зиндагӣ мекард. Онҳо қариб аз ғизо тамом шуданд, зеро дар кишвар ҳосил набуд. Аммо онҳо Илёсро нигоҳубин карданд ва Худо онҳоро бо ғизо таъмин кард: орд ва равған дар зарфҳо тамом нашуданд, то он даме ки Худо ба замин борон фиристод. Аз ин рӯ, сарфи назар аз хушксолӣ ва гуруснагӣ дар кишвар, онҳо ҳамеша ғизо доштанд. Ин тақрибан се сол идома ёфт.

1
19/05.txt Normal file
View File

@ -0,0 +1 @@
Ниҳоят, Худо ба Илёс хабар дод, ки боз борон меборад. Худо ба Илёс гуфт, ки ба Исроил баргардад ва ба Аҳъоб биравад. Илёс назди подшоҳ рафт. Ӯро дида, подшоҳ Аҳъоб гуфт: "Ин аст он касе, ки ба Исроил бало овард". Илёс ба вай ҷавоб дод: «Ту будӣ, ки ба Исроил мусибат овардӣ! Шумо Худованд Худои ҳақиқиро тарк карда, Баалро парастиш кардед. Ҳамаи сокинони Исроил ва анбиёи худоёни козибро дар кӯҳи Кармил ҷамъ кунед"1