Дар аввали офариниш ҳама чиз ҳамин тавр буд ва чунин пайдо шуд. Худо оламу ҳама чизро дар шаш рӯз офарид. Ӯ дар рӯзи якум Заминро офарид. Замин ҳоло торику холӣ буд, чунки Худо ҳоло дар он ягон чиз офарида набуд. Фақат Рӯҳи Худо болои об парвоз мекард.