BogdanMax_tg_obs_text_obs/19/16.txt

1 line
634 B
Plaintext
Raw Normal View History

Пас аз Элишоъ, Худо бисёр пайғамбарони дигарро ба халқи Исроил фиристод. Ҳама ба одамон гуфтанд, ки парастиши бутҳоро бас кунанд ва бо одамони одилона ва меҳрубонона муносибат кунанд. Паёмбарон мардумро ҳушдор медоданд, ки агар бадкориро бас накунанд ва ба итоати Худо сар накунанд, Худованд онҳоро доварӣ мекунад ва барои гуноҳашон ҷазо медиҳад.