BogdanMax_tg_obs_text_obs/15/01.txt

1 line
939 B
Plaintext
Raw Normal View History

Инак вакте расид ки исроилиён ба Замини Ваъдашудаи Худо -Қанъон ворид шаванд. Дар он сарзамин шаҳре буд, ки Ериҳӯ ном дошт. Онро деворҳои мустаҳкам муҳофизат мекарданд. Еҳушаъ ибни Нун ду ҷосусро ба Ериҳӯ фиристод. Дар он шаҳр фоҳишае бо номи Раҳоб буд. Вай ҷосус дар хонаи худ пинҳон кард ва баъдтар ба онҳо кӯмак кард, ки аз шаҳр фирор кунанд. Вай ин корро аз он сабаб кард, ки ба қудрати Худои исроилиён бовар дошт. ҷосус ваъда доданд, ки вақте исроилиён Ериҳуро нест карданд, Раҳоб ва оилаи ӯро муҳофизат хоҳанд кард.