BogdanMax_tg_obs_text_obs/02/11.txt

1 line
652 B
Plaintext
Raw Normal View History

Баъд Худо ба мард гуфт: "Ту зани худро гӯш кардӣ, вале Маро гӯш накардӣ. Акнун замин ланъат шудааст ва ту бояд бо меҳнату азоб кор карда, ҳосили онро ба даст оварӣ. Баъд ту мемурӣ, бадани ту ба хоки замин бармегардад". Одам зани худро Ҳаво номид, ки маънояш "ҳаётдиҳанда" аст, чунки вай бояд модари ҳамаи одамон мешуд. Худо ба Одаму Ҳаво аз пусти ҳайвон либос дод.