BogdanMax_tg_obs_text_obs/01/06.txt

1 line
598 B
Plaintext
Raw Normal View History

Дар рузи чоруми офариниш Худо гуфт: Бигзор дар осмон сайёраву ситораҳои нурпош пайдо шаванд! Ҳамин тавр дар осмон офтоб, моҳтоб ва ситораҳо пайдо шуданд. Худо онҳоро барои он сохт, ки бар замин рӯшноӣ диҳанд ва аз рӯйи онҳо рузу шаб, сол ва фаслҳои сол муайян карда шаванд. Худо ба ҳама чизҳои офаридааш нигоҳ карда дид, ки хуб аст.