BogdanMax_tg_obs_text_obs/05/04.txt

1 line
698 B
Plaintext
Raw Normal View History

Зани ту Сорай соҳиби писар мешавад ва - ӯ писаре хоҳад буд, ки Ман ба ту ваъда додаам. Ӯро Исҳоқ ном мон. Бо ӯ аҳди Худро мебандам, ва аз вай халқи бузурге хоҳад омад. Аз Исмоил низ халқи бузурге хоҳам сохт, аммо аҳди Ман бо Исҳоқ мешавад. Пас Худо номи "Абром"-ро ба "Иброҳим" иваз кард, ки маънояш "падари бисёриҳо" аст. Худо инчунин номи "Сорай"-ро ба "Соро" иваз кард, ки маънояш "малика" аст.